Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ субҳи 24-уми майи соли 2025 дар Боғи Абулқосим Фирдавсӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти унвони “Миллати ҷисман солим - руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” баргузор гардид.