Санаи 22-юми майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори мизи гирди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии назариявӣ - амалӣ дар мавзуи “Ҷавонон такягоҳи давлат: нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.