Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон рӯзи 17-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмуни мазкур баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов ироа намуда, ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно карда, иброз дошт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ба таҳкими маърифати миллӣ, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва боло бурдани сатҳи китобхонии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар даври якум – даври донишгоҳии Озмун 18 нафар донишҷӯ фаъолона ширкат варзиданд ва ғолибон муайян карда шуданд. Ғолибони даври донишгоҳии озмун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.