БОЗИИ ДӮСТОНАИ ФУТЗАЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА БЕЛАРУС БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Бинанда: 244 | Санаи нашр: 24 Май 2025

15-уми майи соли 2025 дар шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус дар фазои дӯстиву ҳамкорӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бозии рафиқонаи футзал байни дастаҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус баргузор гардид.

 Ин чорабинии варзишӣ бо ҳадафи таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯён, рушди тарзи ҳаёти солим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор шуд.

 Бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт, ки ин нишондиҳандаи сатҳи баланди омодагии ҳарду даста ва рӯҳи варзишии онҳо буд. Аз ҳайати дастаи ДДТТ тӯбҳоро Қурбонов Абдукарим ва Шаропов Бахтиёр ба нишон расониданд.

 Ёдовар мешавем, ки ин бозии дӯстона як бахши муҳими барномаи табодули академӣ буд, ки дар доираи он ҳайати донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ аз 21 апрел то 17 майи соли 2025 дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус қарор доштанд. Дар давоми ташриф донишҷӯён дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок карда, бо фаъолияти илмиву фарҳангии донишгоҳи шарик шинос шуда, дар барномаҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ низ саҳм гирифтанд.

 Ҳайати ДДТТ-ро дар ин сафари илмӣ ва фарҳангӣ муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович ва муовини декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Сафаров Ҷовидон Азизмадович ҳамроҳӣ намуданд.

 Муҳити дӯстона ва ҳамкории самимона миёни донишҷӯён дар ҷараёни бозӣ ва дигар чорабиниҳо нишон дод, ки табодули байналмилалӣ на танҳо воситаи рушди илмӣ ва касбӣ, балки заминаи муҳими таҳкими дӯстии ҷавонони кишварҳои мухталиф мебошад.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top