ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД»

Бинанда: 291 | Санаи нашр: 24 Май 2025

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат озмуни «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад» ташкил ва гузаронида шуд.

Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва болаёқат, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ дар ду давр – даври аввал аз 25 апрел то 10-уми майи соли 2025 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ доир гардида, даври ҷамъбастии озмун 22-юми майи соли ҷорӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Боиси ифтихор аст, ки таълимгирандаи литсеи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ибодат Раҳмонова дар миёни 36 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top