22-юми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи «Масоили муҳими назария ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир» бо иштироки коршиносони пешбар, олимон, унвонҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.
Нахуст, чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар ҳамоиши имрӯза масоили мубрами баҳисобгирии идоракунӣ, мушкилоти ташаккули ҳисоботи ҷамъиятии ғайримолиявию ҳамгирошуда, татбиқи ҳисобот оид ба рушди ширкатҳо, самтҳои асосии рушди аутсорсинг, машварати муҳосибӣ, аутстаффинг, таҷрибаи татбиқи СБҲМ дар Тоҷикистон, самтҳои такомули баҳисобгирии молиявӣ, таҳқиқи омории равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дурнамои рушди таҳсилоти баҳисобгирии муҳосибӣ баррасӣ карда мешаванд.
Сипас, тибқи барномаи конференсия маърузаҳои олимону мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои зерин шунида ва баррасӣ карда шуданд:
• Низомов Самариддин Фахриевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи аудит ва таҳлили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи "Масъалаҳои муҳими татбиқи амалияи хориҷии баҳисобгирии идоракунӣ дар Тоҷикистон";
• Содиқов Содиқҷон Ибрагимович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи "СБҲМ 18: Пешниҳод ва тавзеҳи иттилоот дар ҳисоботи молиявӣ”;
• Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи "Такомули баҳисобгирии натиҷаҳои молиявӣ дар истеҳсолоти сиркулярӣ";
• Ҳалимов Парвиз Абдувакилович, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи "Самтҳои асосии такмили нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ";
• Мирзоалиев Ёқубҷон Абдувоҳидович, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи "Буҷет ҳамчун меъёри назорати даромаду хароҷотҳои муассисаҳои таълимӣ";
• Каримзода Мадина Исҳоқидин, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи "Хусусиятҳои ташкили баҳисобгирӣ дар ширкатҳои кейтерингӣ".
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров, д.и.и., дотсент Абдурашид Мирзоалиев, дотсентон Муҳитдин Ҳамитов ва Олимхон Раҷабзода дар музокира иштирок намуда, фикру ақида ва пешниҳодҳои ҷолибро оид ба мавзуи матраҳшуда иброз намуданд.