Санаи 19 майи соли 2025 дар муассисаи давлатии Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии фарҳангию фароғатии дастаи ҳаваскорони "Тоҷири аҷам"-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ Ғаффорзода Юсуф иштирок намуда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Дар ин чорабинӣ аъзои даста бо намоишҳои ҷолиби фарҳангиву ҳунарии худ баромад намуда, саҳми ҷавононро дар рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ нишон доданд.
Барномаи консертӣ фазои идона бахшида, маҳорати эҷодии донишҷӯёнро муаррифӣ кард.