ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИИ “ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 355 | Санаи нашр: 19 Май 2025

Санаи 18-уми майи соли 2025 роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар чорабинии умумимиллии "Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад, иштироки фаъолона намуданд.

Чорабинии "Дави миллӣ" субҳи барвақт оғоз гардида, тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва сокинони синну соли гуногун баргузор шуд.

Намояндагони ДДТТ — раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли факултетҳои гуногун — бо либоси варзишӣ ва руҳияи баланд, зери шиорҳои ватандӯстона ва даъват ба ҳаёти солим масофаи муайяншударо бо ҳамбастагӣ тай намуданд.

Раҳбарияти донишгоҳ иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёнро ҳамчун дастовард ва нишонаи масъулиятшиносӣ арзёбӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди маънавиёт ва солимии ҷавонон муҳим арзёбӣ менамояд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top