КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ЗАБОН ДАР ОСОРИ БЕЗАВОЛИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

Бинанда: 398 | Санаи нашр: 18 Май 2025

Рӯзи 17-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои марбут ба забон дар осори безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар ҳамоиши имрӯза масоили мубрами забоншиносӣ, хусусан нақши забон дар нигоштаҳои Пешвои муаззами миллат баррасӣ карда мешаванд.

Мавсуф қайд намуд, ки забон на танҳо василаи муошират, балки унсури асосии ҳувияти миллӣ, пояи давлатдорӣ ва кафолати бақои миллат маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳо, асарҳо ва баромадҳои хеш ба ин нукта борҳо таъкид намудаанд, аз ҷумла дар асарҳои безаволи хеш “Чеҳраҳои мондагор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Истиқлолият ва ойинаи тафаккури миллӣ,” “ Забони миллат – ҳастии миллат” ва ғайраҳо забони тоҷикиро ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ, василаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳо муаррифӣ намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё, рушд ва таҳкими забони тоҷикӣ нақши бузург ва сарнавиштсоз доранд. Маҳз бо талошу ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мавқеи хос пайдо кард.

Пешвои миллат забонро “...сарвати бузургтарини маънавии миллат” номида, пайваста ба зарурати ҳифзи покии забон, густариши истифодаи он дар илму маориф, технология, идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои дигар таъкид менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз зумраи иқдомоти муҳиманд, ки мақоми забони тоҷикиро дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам устувортар гардонданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва рушди забони давлатӣ, на танҳо дар доираи Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун намунаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварона арзёбӣ мешавад.

Сипас, тибқи барномаи конференсия маърузаҳои олимону мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои зерин шунида ва баррасӣ карда шуданд:

1. Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Сиёсати маорифпарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари паём”;

2. Назарзода Сайфиддин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Масъалаҳои ҳамгунсозии истилоҳоти иқтисодӣ”;

3. Ҳасан Султон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ”;

4. Зулфониён Раҳим Раҷабзода, номзади илмҳои филологӣ, сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Баъзе роҳу усулҳои мубрами истилоҳсозӣ дар забони муосири тоҷик”;

5. Раззоқов Баҳодур Ҳаётович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои тасҳеҳи истилоҳоти ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ”;

6. Абдулазизова Зебо Садулаевна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Особенности таджикского языка в отражении стиля и художественного метода таджикской поэтессы Макнуны (вторая половина XVIII – первая половина XIXвв.)”;

7. Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур, номзади илмҳои филология, и.в.дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Ҷойгоҳи забон дар эҳё ва тақвияти арзишҳои миллӣ”.

Ҳадафи конференсияи мазкур ин гиромидошти забони тоҷикӣ ва такомули он дар доираи ҷаҳонишавии муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар баробари ифтихор аз кишвари соҳибистиқлоли дурахшони ҳамеша ба рушди хеш, аз густариш забони модарӣ ва забони давлатии хеш низ бояд шукргузор бошем.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top