ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ “ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ” ДАР ДДТТ

Бинанда: 390 | Санаи нашр: 17 Май 2025

Санаи 17-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ бахшида ба Моҳвораи ҷавонон таҳти унвони

“Як рӯзи ҷавонӣ” баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳими фарҳангиву маърифатӣ Розиқзода Дилошуб - сардори Раёсати иҷтимоии ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Маҳкам - муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ғаффорзода Юсуф Фарҳод - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Ҳисориева Гулнора - муовини ректори ДДТТ оид ба тарбия, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонони дигар иштирок намуданд.

Нахуст, чорабиниро Гулнора Ҳисориева бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи кадрҳои ҷавон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, онҳо бояд бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии баланд ба рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.

Сипас, Дилошӯб Розиқзода суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории Моҳвораи ҷавононро дар тарбияи насли солим ва ташаккули худшиносии миллӣ махсус зикр кард.

Инчунин, омӯзгорону донишҷӯёни фаъол барои саҳми арзандаи худ дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷавонон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақс ва баромади ҳунарии донишҷӯён идома ёфт, ки фазои идона ва руҳбаландиро дар миёни иштирокчиён фароҳам овард.

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top