КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ОИД БА МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бинанда: 329 | Санаи нашр: 17 Май 2025

16 –уми майи соли 2025 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ – назариявиро дар мавзуи “Тоҷикистон - пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо” баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Назарзода Хайрулло Холназар - ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ғафуров Равшан - омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорону донишҷӯён, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони васитаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст, ҳамоишро Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки тавре дар Барномаи ҳизб таъкид гардидааст: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – идомаи саъю талошҳо дар арсаи байналмилалӣ дар масири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, татбиқи амалии лоиҳаву барномаҳо дар панҷ соли оянда рӯйи даст мегирад”.

Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» далели равшан ва раднопазири онанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу омӯзиши пиряхҳо — ҳамчун манбаи асосии обҳои мусаффо аҳамияти хоса медиҳанд.

Сипас, Назарзода Хайрулло Холназар - ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Ғафуров Равшан - омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Ташаббусҳои Пешвои миллат – наҷотбахши сайёра», «Арзёбии ҳадафҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим» ва «Ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омилҳои марбут ба он» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top