Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси маърифати ҳуқуқии волонтёрон ва ватандӯстии онҳо санаи 16 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат баргузор шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 ноябри соли 2023, №642 “Дар бораи тасдиқи барномаҳои рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027”, Қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз декабри соли 2023, №321 “Дар бораи тасдиқи барномаҳои рушди фаъолияти волонтёрӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027” ташкили чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ дар байни ҷавонон оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ба роҳ монда шуд.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар, мудири шуъбаи ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ Ғаффорзода Юсуф, гирандагони стипендияи Президентии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фидавсии шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар дарси омӯзишии мазкурро аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” оғоз карда, хизматҳои шоёни Сарвари давлатро дар ин самт махсус қайд намуд.
Гуфта шуд, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти таъмини амнияти давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши басо муҳим дошта, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар фазои осоишта таҳсилу фаъолият намуда, дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузоранд.