ДАСТОВАРДИ АРЗАНДА ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"

Бинанда: 325 | Санаи нашр: 15 Май 2025

15-уми майи соли 2025 маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Бояд қайд кард. ки аз 420 нафар иштирокчӣ дар даври дуюм, 90 нафар бо гирифтани ҷойҳои намоён дар ҳамаи номинатсияҳо ба даври сеюм (шаҳрӣ)-и озмун роҳхат гирифтанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", мудири китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Давлатмоҳ Зайдуллоева дар номинатсияи адабиёти классикӣ донишу маҳорати баланд нишон дода, ҷойи дуюмро ишғол намуда, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт ва бо дипломи дараҷаи дуюм қадрдонӣ карда шуд.

Ин дастоварди арзанда шаҳодати дониши амиқ, заҳмати пайваста ва меҳру муҳаббат ба китобу фарҳанги миллӣ мебошад.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ Давлатмоҳ Зайдуллоеваро бо ин дастоварди шоиста табрик гуфта, барояшон дар роҳи тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва рушди маънавиёти ҷомеа муваффақиятҳои нав орзу менамоянд.

Бо китоб равшану равшантарем!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top