ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ҶАВОНОН - НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ”

Бинанда: 337 | Санаи нашр: 15 Май 2025

Дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15-уми май бо ташаббуси кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати факултети молия ва қарз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Асадуллозода С.С., декани факултет Кабутзода Қ.М., муовини декан оид ба таълим-эдвайзер Шоназарзода Н.Ш., мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Ҳамитов М.С., мудири кафедра Ҳакимзода А., муаллими калони кафедра Ҳикматова М.С. ва омӯзгорону донишҷӯён дар мавзуи “Ҷавонон - неруи созанда ва ояндаи миллат” дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории дарси кушоди тарбиявӣ ин баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, Ватанро сидқан дӯст доштан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан ва шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ мебошад.

Дар оғози дарс декани факултет Кабутзода Қ.М. ҷавонон ва донишҷӯёнро бо “Рӯзи ҷавонон” муборакбод гуфта, дар раванди илмомӯзӣ муваффақиятҳои навро таманно намуд.

Муаллими калони кафедра Ҳикматова М.С. дар мавзуи “Ҷавонон - неруи созанда ва ояндаи миллат” суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонон имрӯз бояд масъулияти бузургро эҳсос намоянд, зеро онҳо идомадиҳандаи роҳи бузургон мебошад. Барои пойдории сулҳ, пешрафти илму фарҳанг, рушди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми фаъол бояд гузоранд. Омӯзиш, меҳнат, худшиносӣ ва худбаҳодиҳӣ бояд шиори зиндагии ҳар як ҷавони асил бошад.

Ҳамзамон, донишҷӯён Муртазоев Ю.А. ва Мусоев Т.Ф. дар мавзуъҳои “Ҷавонон ояндаву созандаи миллат” ва “Нақши ҷавонон дар даврони истиқлолият” маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Инчунин, мудири кафедра Ҳакимзода А. баромад намуда, қайд кард, ки дар даврони истиқлолият дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадршиносии шоиста гардидаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватандӯстии онҳо ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Асадуллозода С.С. дар баромади худ қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароитҳои таҳсил фароҳам оварда шуда, ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд ва барои ихтироъкорон ва олимони ҷавон фазои мусоиди корӣ бо дастгирии давлат муҳайё карда шудааст. Ташкили озмунҳо ва таъсиси стипендияҳо барои дарёфти беҳтаринҳо рӯйи кор омаданд.

Дарси кушод дар пояи баланди тарбиявӣ ташкил гардида, мақсад ва вазифаҳои гузоштаи омӯзгор ба ҳадаф расид. Дар фарҷоми дарс саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо доир ба мавзуъ сурат гирифт.

Дар охир ба ба донишҷӯёни фаъоли кафедра, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии донишгоҳӣ фаъолона иштирок мекунанд, бо ифтихорномаҳои факултет қадрдонӣ карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top