Санаи 14-уми майи соли 2025 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба номи устод Рӯдакӣ чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони "Суруди ҷавонӣ" бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар ва донишҷӯёну кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дастаи ҳунарии “Тоҷири Аҷам” - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо барномаи рангини консертӣ, ки аз савту суруд ва рақсу таронаҳои дилнишин иборат буданд, хотири сокинону меҳмонони пойтахтро шод гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Чоршанбезода Сураҷ Сайнак барои ҳамкориҳои судманд, мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.