ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Бинанда: 310 | Санаи нашр: 14 Май 2025

Ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълон гардидани 25 – май Рӯзи умумиҷаҳонии футбол дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди футболи миллӣ ва оммавигардонии он дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонони кишвар мусоидат менамояд.

Дар робита ба ин, рӯзи 13-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва рушди минбаъдаи футбол тибқи фармоиши ректори донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол оғоз гардид, ки он то 16-уми майи соли ҷорӣ давом мекунад.

Дастаҳои ғолиб бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top