Санаи 13-уми майи соли 2025 бо ибтикори кафедраи андоз ва андозбандӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши андоз дар шароити имрӯза ва хусусиятҳои касби нозири андоз” бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону муҳаққиқони соҳа, коршиносони бозори меҳнат ва донишҷӯёни ихтисоси "Андоз ва андозбандӣ" доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров кори мизи мудаварро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳлили самтҳои асосии сиёсати андозӣ дар шароити муосири иқтисодӣ, баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ дар ҷомеа, шиносоии амиқ бо масъулияту вазифаҳои нозирони андоз ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши касби нозири андоз мебошад.
Мавсуф қайд намуд, ки барои рушди соҳаи андози кишвар мутахассисони баландихтисос нақши муҳим мебозанд ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми назаррас дорад.
Сипас, Обиди Муҳаммадсаид - директори Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши андоз дар шароити имрӯза ва хусусиятҳои касби нозири андоз” маърӯза намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Гуфта шуд, ки таҳлили самтҳои асосии сиёсати андозӣ, баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ ва масъулияти нозирони андоз, инчунин ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши касби нозири андоз яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Инчунин, дар мизи мудаввар аҳамияти нақши нозири андоз дар танзими муносибатҳои молиявӣ, масъулият ва маҳорати касбӣ, зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокии андозӣ ва дурнамои рушди бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ва сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобов дар музокира иштирок намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта, истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ бозгӯи он аст, ки инкишофи раванди рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми андозбандии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳо, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
Мизи мудаввар дар фазои озод ва табодули таҷриба сурат гирифта, таваҷҷуҳи бештари донишҷӯёнро ба омӯхтани соҳаи андоз ва интихоби касби нозири андоз ҳамчун як самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ ҷалб намуд.