БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНИШҶӮИ СОЛ”

Бинанда: 325 | Санаи нашр: 13 Май 2025

8-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025” бо мақсади муайян намудани донишҷӯёни болаёқату фаъол ва арзанда ба даври ҷумҳуриявии озмун баргузор гардид.

Марҳилаи аввали озмун аз 25 апрел то 5 майи соли равон дар сатҳи факултетҳо баргузор гардида, довталабони фаъолу донишманд барои иштирок дар даври донишгоҳӣ пешниҳод карда шуданд. Ин давр тибқи талаботи Низомномаи озмун ва фармоиши дахлдори ректори донишгоҳ роҳандозӣ гардида, таҳти назорати Кумитаи тадорукоти озмун сурат гирифт.

Кумита пешниҳоди садоратҳои факултетҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, довталабони мувофиқро ба даври донишгоҳӣ роҳхат дод. Дар ҷараёни озмун сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, истеъдод ва маҳорату суханварии довталабон аз ҷониби ҳайати комиссияи тахассусӣ баҳогузорӣ гардид.

Баъди натиҷагирии умумӣ, беҳтарин донишҷӯ барои ширкат дар даври ҷумҳуриявии озмун интихоб ва ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, боло бурдани сатҳи дониш ва маърифати шаҳрвандии донишҷӯён, инчунин, муаррифии чеҳраҳои сазовор дар миёни ҷомеа мебошад. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои Кумита қадрдонӣ мегарданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top