ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бинанда: 444 | Санаи нашр: 10 Май 2025

Санаи 08-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии судманди сардори Раёсати иҷрои қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат Мирзозода Сафаралӣ Раҳим иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ буда, дар он самтҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар муайян гардидаанд. Паём дурнамо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян мекунад.

Дар баромади худ Мирзозода Сафаралӣ Раҳим оид ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод ва саноат, маориф ва илм, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи муҳити зист, амнияти озуқаворӣ ва ғайра суҳбат намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ омӯзгорону донишҷӯён бо савол ва пешниҳодҳояшон дар музокирот фаъолона иштирок намуда, назари худро оид ба масъалаҳои матраҳгардида иброз намуданд. Ин гуна мулоқотҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байни сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ мусоидат менамоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top