Мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуд, ки дар он 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дастаи ҷудокорони Тоҷикистон бо 11 медал (4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ин ғалаба нишондоди таърихӣ барои ҷудокорони тоҷик маҳсуб ёфта, аз рушди ин навъи варзиш дар кишвари маҳбубамон шаҳодат медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ хатмкардаи соли 2024-уми Донишгоҳ, ихтисоси 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Раёсат ва аҳли омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ Эмомалии Нуралиро бо ин дастоварди бузурги варзишӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи варзишиаш муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоянд.