ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “САҲМИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ”

Бинанда: 462 | Санаи нашр: 08 Май 2025

Рӯзи 08.05.2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷониби н.и.и, и.в дотсент, мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳакимзода ба ифтихори 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Саҳми халқи тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Дар дарси кушод декани факултет н.и.и, и.в дотсент Кабутзода Қ.М., муовини декан оид ба таълим-эдвайзер Шоназарзода Н.Ш., омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои 260203-маркетинг, 260202-менеҷмент ва 250109-молшиносӣ ва муоинаи мол иштирок намуданд.

Ҳадафи дарси кушоди тарбиявӣ арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои пуршарафи ҷангии ҷавонмардони тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.

Дарси кушодро мудири кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода оғоз намуда, дар мавзуи “Саҳми халқи тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, нисбаташон пайваста ғамхорӣ менамоянд. Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоати қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо баҳри ободии Ватани хеш сарф намоянд.

Дар ҷараёни дарси кушод донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 260203-маркетинг Дагиева М.А., Шамсуллозода З.К., Суфизода С.А. тариқи рӯнамо дар мавзӯҳои: “Андешаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанаӣ” ва “Ғалаба бар фашизм: гузаштае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад” маърӯза намуданд.

Сипас, декани факултет Кабутзода Қ.М. суханронӣ намуда, қайд кард, ки хотираи наслҳоро пос доштан муҳим аст, зеро бидуни гузашта оянда вуҷуд дошта наметавонад. Гузашта аз ин, мутаассифона, ҳар сол бо дард мушоҳида мекунем, ки сафи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам мешаванд. Вале, бояд дар хотир дошт, ки корнамоиҳои каҳрамононаи онҳо ба ҷавонон дар раванди таълиму тарбия дарси ибрат аст.

Дар хотимаи суханрониаш Кабутзода Қ.М. бори дигар омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро бо “Рӯзи Ғалаба” муборакбод гуфта, таманнои онро кард, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот ҳукмрон бошад.

Дарси кушод дар пояи баланди тарбиявӣ ташкил гардида, мақсад ва вазифаҳои гузоштаи омӯзгор ба иҷро расонида шуд.

Дар фарҷоми дарс саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо доир ба мавзуъ сурат гирифт, ки ба инкишофи дониши донишҷӯён мусоидат намуд.  

Дар фарҷоми дарс мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳ. барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани дарси кушоди тарбиявӣ бо сипоснома ва донишҷӯён Дагиева М.А., Шамсуллозода З.К., Суфизода С.А., ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда,  дар чорабиниҳои донишгоҳӣ фаъолона иштирок мекунанд, бо ифтихорномаҳои факултет қадрдонӣ карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top