МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 80 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Бинанда: 383 | Санаи нашр: 07 Май 2025

Санаи 7 - уми майи соли 2025 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941 – 1945 баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Қурбонов Абдукарим Раҳимович омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро бо 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми олмон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти ҳамарӯзаашон барору комёбиҳои беназир орзу намуд.

Сипас, Қурбонов Абдукарим Раҳимович суханронии пурмуҳтаво карда, иброз дошт, ки ҳар қадар аз анҷоми даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият, яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои зиёд сипарӣ мешаванд, бузургӣ ва шаҳомати он бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад.

Олмони фашистӣ субҳи 22-юми июни соли 1941 бо қувваи зиёд, аз ҷумла 190 дивизия бо шумораи 5,5 миллион нафар афсару сарбоз, беш аз 47 ҳазор аслиҳа ва минамёт, қариб 5 ҳазор тайёраи ҳарбӣ ва 3,7 ҳазор танк бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар рӯи замин дар таърихи башарият арзёбӣ мегардад. Дар ин ҷанг 72 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок намуда, амалиётҳои ҳарбӣ дар 40 давлати дунё рух доданд. Дар майдонҳои ҷанг зиёда аз 110 миллион афсарону сарбозон сафарбар гардида, беш аз 30% онҳо ба ҳалокат расиданд. Танҳо аз Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз 27 миллион афсарону сарбозон ҷону худро аз даст доданд. Зарари умумии ин ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Фашистони немис мехостанд, ки дар муддати ду моҳ қӯшунҳои Шӯравиро шикаст дода, сарзамин ва мардуми онро зери итоати худ қарор диҳанд, вале муттаҳидӣ ва дӯстиву бародарии халқияту миллатҳои давлати Шӯравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод. Маҳз дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамзистӣ, сидқан дӯст доштани Ватану ватандорӣ ва қадру арзиши зиёд доштани сулҳу субот буд, ки лашкари тавонои гитлерӣ шикаст хӯрда, ғалабаи комил ва саросарӣ ба мардуми Шӯравӣ муяссар гардид.

Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш ба 1,5 миллион нафар мерасид, 300 ҳазор нафар иштирок доштанд ва мутаассифона 92 ҳазори он аз майдони ҷанг бар нагашт.

Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони Тоҷикистон дар бисёр муҳорибаҳои ин ҷанг иштирок намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 21 нафар ба 3 ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.

Алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ 17 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳама куҳансолтарини онҳо ба синни мубораки 112 солагӣ расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки омӯзиши садоқату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо барои наврасону ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан намунаи ибрат ва дастури зиндагист. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқҳоро нишон дода, ба насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, талошу ҷоннисориҳо баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳимоят аз марзу буми кишварро омӯзонд.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштанд: “Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад”.

Дар хотимаи суханрониаш Абдукарим Қурбонов бори дигар омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфта, таманнои онро кард, ки дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.

Ҳамзамон ёдовар шуд, ки Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нисбаташон пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Дар идомаи ҷамъомад як қатор омӯзгорон барои меҳнати пурсамар ва бенуқсон дар таълиму тарбияи ҷавонон, инчунин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва донишҷӯёни аълохону фаъол бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон руҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомад гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top