ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ

Бинанда: 361 | Санаи нашр: 06 Май 2025

Рӯзи 06.05.2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои таълимии кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди намунавии муаллими калони кафедра Ашурова Мижгона Тавакаловна дар мавзуи “Озодкунии намудҳои алоҳидаи молҳо аз пардохтҳои боҷи гумрукӣ” баргузор гардид.

Дар дарси кушод мудири кафедра Раъно Гаюрӣ, омӯзгорон Муҳаммадҷон Алиев, Нурия Назарбекова ва донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 960101-хадамоти гумрукӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи дарс ташаккул додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён доир ба озодкунии намудҳои алоҳидаи молҳо аз пардохтҳои боҷи гумрукӣ муқаррар гардид.

Дар ҷараёни дарси кушод алоқамандкунии назария бо амалия дида шуда, мавзуъ ба самти ихтисос пайваст карда шуд, ки он ҷиҳати бедорсозии шавқи донишҷӯён ба илмомӯзӣ мусоидат хоҳад намуд. Дарс дар пояи баланди илмӣ, методӣ ва тарбиявӣ ташкил гардида, мақсад ва вазифаҳои гузоштаи омӯзгор ба иҷро расонида шуд.

Дар фарҷоми дарс саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо доир ба мавзуъ сурат гирифт, ки ба инкишофи дониши донишҷӯён мусоидат намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top