ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФОСИЛАВӢ

Бинанда: 323 | Санаи нашр: 05 Май 2025

Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ оид ба “Идоракунии сифат” бахшида ба 100-солагии таъсиси Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагын иштирок намуданд.

Боиси ифтихор аст, дастаи ДДТТ, ки аз се нафар донишҷӯи самти менеҷмент ва маркетинг иборат буд, барои иштироки фаъолона бо сертификат сарфароз гардонида шуданд:

Дагиева Меҳрона Абдуллоевна, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 260203 – маркетинг;

Назармамадова Гулрез Хоҷаматовна, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 260202 – менеҷмент;

Хушачинова Фарзина Искандаршоевна, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 260202 – менеҷмент.

Инчунин, роҳбари илмии донишҷӯён, д.и.и., дотсент Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top