ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ФИЛМИ ТАРБИЯВИИ “ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ”

Бинанда: 334 | Санаи нашр: 03 Май 2025

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ ва фарҳангии ҷавонон рӯзи 1.05.2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи филми тарбиявии “Зиндагӣ зебост” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Филми пешниҳодшуда паёмҳои муҳим оид ба арзишҳои инсонӣ, эҳтироми волидайн, ватандӯстӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеаро дар бар мегирифт. Пас аз анҷоми филм байни иштирокчиён мубоҳисаи озод сурат гирифт, ки дар он фикру андешаҳои тарбиявӣ иброз карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top