МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “РУШДИ РАҚАМИКУНОНИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ - СУҒУРТАВӢ

Бинанда: 465 | Санаи нашр: 29 Апрел 2025

Санаи 28-уми апрели соли 2025 бо ибтикори кафедраи молия дар доираи ҳафтаи илм дар Донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ - суғуртавӣ: масъалаҳо ва дурнамо” бо иштироки олимон, муҳаққиқон, мутахассисони соҳа ва донишҷуёну магистрон доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров кори мизи мудаварро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ - суғуртавӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушд карда, омили муҳимми инкишофи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Мавсуф қайд намуд, ки барои татбиқи рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ - суғуртавӣ дар кишвар мутахассисони баландихтисос нақши муҳим мебозанд ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми назаррас дорад.

Сипас, Раҳматшо Сайисмонов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ дар марҳилаи имрўза» маърӯза намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Дар идомаи кори мизи мудаввар Саидмухтор Ҳайдаров, директори генералии ҶДММ ташкилоти суғуртавии “Меҳнат” дар мавзуи “Нақши ташкилотҳои суғуртавӣ дар рушди бозори суғуртаи кишвар” ва Холаҳмади Сайалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия дар мавзуи “Панҷсолаи рақамикунонӣ – асоси рушди устувори иқтисодиёти кишвар” маърўза намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров, дотсентон Зоир Султонов ва Баҳодур Дустматов дар музокира иштирок намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта, истифодаи технологияи муосири инноватсионӣ бозгӯи он аст, ки инкишофи раванди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ - суғуртавӣ яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми молиявию - қарзии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top