Санаи 26-уми апрели соли 2025 дар кортҳои тобистонаи тенниси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон 6-умин мусобиқаи байналмилалии “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонон ва варзишгарони ватанию хориҷӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстона иштирок намуда, варзишгарони тоҷикро дастгирӣ карданд.