Табрикоти Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинанда: 343 | Санаи нашр: 25 Апрел 2025

Табрикоти Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо камоли ифтихор Ҳакимов Шаҳбоз Шодибоевич – докторанти (PhD)-и донишгоҳро ҷиҳати иштирок ва сазовор гардидан ба ҷойи ифтихорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкорӣ ҷавон" миёни докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.

Ин дастоварди арзишманд таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Ғайратов Т.М. дар мавзӯи муҳимми рӯз "Нақши Пешвои миллат дар муқовимат ба терроризм" ба даст омада, бозгӯи сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ, неруи зеҳнӣ ва диди созандаи муҳаққиқони ҷавон мебошад.

Раёсати донишгоҳ ин комёбии назаррасро натиҷаи заҳмати содиқона, омӯзиши амиқ ва роҳнамоии самараноки устодон арзёбӣ намуда, ба Шаҳбоз Шодибоевич дар роҳи илм ва пажӯҳиши минбаъда муваффақиятҳои нав, комёбиҳои илмӣ ва сарбаландӣ таманно дорад.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top