Чакану атлас рамзи зебоӣ ва фарҳанги волои мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, даҳҳо падидаҳои фарҳанги миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Дар рӯзҳои баҳорӣ дар саросари гӯшаву канори ҷумҳурӣ занону бонувон бо либоси идона аз қабили чакан, атласу адрас ба бар намуда, дар боғу гулзорҳо сайру гашт менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки “Сайри гули лола” дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ташвиқи ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, маърифати экологӣ ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ занону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ин замина, санаи 24.04.2025 бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳ
бо бар кардани либосҳои зебои миллӣ дар чорабинӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем”, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.