ҶАВОНӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲИЗБӢ

Бинанда: 292 | Санаи нашр: 25 Апрел 2025

Санаи 25.04.2025 бахшида ба Рӯзи Пойтахт ва оғози Моҳвораи ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Раҳматуллозода Мавзуна, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ Асадуллозода Самиаъло ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” Рустамзода Фитрат бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раҳматулозода Мавзуна бо ҷавонон вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, рафъи табъизи нажодӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорони дигар низ вобаста ба масъалаҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", риояи талаботи қонунҳои миллӣ, омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҷавонон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол, ки ба тозагӣ ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top