КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 261 | Санаи нашр: 24 Апрел 2025

Рӯзи 22-юми апрели соли 2025 дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию назариявии омӯзгорон бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорони кафедра бо маърузаҳои пурмуҳтавои хеш суханронӣ намуданд.

Дар бахши иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ 12 мақолаи омӯзгорони кафедра мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки масъалаҳои зеринро дарбар мегирифт:

- хусусиятҳои рушди сармояи инсонӣ дар иқтисодиёти муосир;

- сармоягузорӣ;

- таъсиси ҷойҳои нави корӣ;

- рушди иқтисоди миллӣ;

- рушди соҳаҳои афзалиятноки сайёҳӣ;

- дипломатияи зеҳни сунъӣ;

- таъмини бехатарии хӯрокворӣ;

- нақши иқтисодиёти рақамӣ дар шароити муосир;

- ҳифзи пиряхҳо ва ҳаёт дар рӯйи замин;

- фароҳамоварии фазои мусоиди соҳибкорӣ;

- G7 – ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷ.Н., сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов З.С. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Амонов С.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top