БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ДОИРАИ “ҲАФТАИ ИЛМ”

Бинанда: 208 | Санаи нашр: 23 Апрел 2025

22.04.2025 кафедраи "Математика ва фанҳои табиатшиносӣ" дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию амалии омӯзгоронро бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” дар бахши фанҳои дақиқ ва риёзӣ гузаронид.

Дар бахши фанҳои риёзӣ ва дақиқ маърӯзаи 11 нафар омӯзгори кафедра оид ба мушкилоти омӯзиши математика дар МТОК, ташкили корҳои мустақилона аз фанни математика, татқиқи муодилаҳои дифференсиалию интегралӣ, назарияи муайянкунандаҳо ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷ.Н., сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов З.С. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Амонов С.С. иштирок намуда, оид ба рушди илм дар иқтисодиёти кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои илмию амалӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top