Санаи 22-юми апрели соли 2025 дар кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ конференсияи илмию назариявии омӯзгорон бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.
Дар бахши мазкур 17 маърӯзаи омузгорони кафедра дар мавзуъҳои мубрами ташаккул ва рушди соҳибкорӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмини рақобатпазирии корхонаҳо ва баланд бардоштани сифати молу хизматрасониҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н., сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Султонов З.С. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Амонов С.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.