МИЗИ МУДАВВАР ДАР ҲОШИЯИ ҲАФТАИ ИЛМ

Бинанда: 216 | Санаи нашр: 22 Апрел 2025

Санаи 21.04.2025 тибқи ҷадвали баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи Рақамикунонӣ – фазои нави гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук ва донишҷӯёни ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар нозири калони Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтинанти хадамоти гумрук Шодиев Шоҳмуҳаммад Меҳруддинович суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бењдошти фаъолияти гумрукї аз тарзи дурусти интихоби ташкили кори гумрукї, сари ваќт ќабул намудани ќарорњо ва пешбурди дигар љанбањои иќтисодию идоракунї вобаста аст. Аз фаъолияти хуби ташкилотњои гумрукї њаллу фасли масъалањои сари ваќт пур намудани буљаи давлат, њимояи манфиатњои иќтисодї ва амнияти иқтисодии давлат вобаста аст.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён Мирзозода Ф., Ашуров З., Забиров Д., Орезмамадов А. ва Гулшанов Б. ба маърӯзачӣ саволҳо дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Мизи мудавварро н.и.и. Алиев М.Б. ҷамъбаст намуда, барои ҳамкорӣ ва саҳми назаррас дар баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯён ба роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раёсати донишгоҳ миннатдорӣ баён намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top