ВИКТОРИНАИ ИНТЕЛЛЕКТУАЛИИ БРЕЙН - РИНГ БАЙНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ

Бинанда: 233 | Санаи нашр: 19 Апрел 2025

Бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 19.04.2025 бо мақсади ташаккул ва сайқал додани шуури баланди ватандӯстӣ, гиромидошти санаву рӯйдодҳои таърихӣ, рушди малакаи иҷтимоӣ ва маҳорати ҳозирҷавобӣ дар донишгоҳ викторинаи интеллектуалии брейн-ринг (рақобати зеҳнӣ) байни донишҷӯдухтарон доир намуд. 

Дар чорабинӣ ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳом ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович, сардори раёсати илм ва инноватсия Зоиршо Султонов ва мудири бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар асоси низомнома бо иштироки се даста – “Гурдофарид” дастаи донишҷӯдухтарони факултети молия ва карз, “Ахтарон” дастаи донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук ва “Иқтисоддон” дастаи донишҷӯдухтарони факултети иқтисодиёт ва тиҷорат баргузор гардид. 

Ба дастаҳо дар доираи мавзуъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, муқаддасоти миллӣ, Парчам, Конститутсия, Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дар шакли маҷозӣ (on linе) пешниҳод шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои бадастоварда дастаи “Гурдофарид” бо 7413 хол соҳиби ҷойи якум, дастаи “Ахтарон” - бо 7096 хол соҳиби ҷойи дувум ва дастаи “Иқтисоддон” бо 4974 хол соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дастаҳо ва иштирокчиён фаъоли чорабинӣ барои маҳорати хуб нишон доданашон бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом Ҷамила Ғафурова меҳмонон ва донишҷӯдухтаронро барои иштирок дар чорабинии мазкур миннатдорӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top