ИШТИРОК ДАР НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТ – ДУШАНБЕ

Бинанда: 220 | Санаи нашр: 19 Апрел 2025

Санаи 19 апрели соли 2025 бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, дар доираи таҷлил аз Рӯзи пойтахт - шаҳри Душанбе ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо иштироки варзишгарон ва намояндагони кишварҳои гуногун баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Иштироки ҳайати донишгоҳ дар ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт на танҳо як амали рамзии варзишӣ, балки ифодаи руҳи миллӣ, саҳми донишгоҳ дар тарбияи насли солиму фаъол ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top