ИШТИРОК ДАР МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ

Бинанда: 240 | Санаи нашр: 19 Апрел 2025

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим-руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон субҳи 19 апрели соли ҷорӣ дар Боғи Абдулқосим Фирдасӣ дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.

Иштироки кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ яке аз ташаббусҳои муҳиммест, ки ба тақвияти саломатӣ, баланд бардоштани руҳияи дастҷамъӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top