Рӯзи 18.04.2025 аз ҷониби сардори кафедраи иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсуси Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Турсунов Х.М. дарси намунавӣ дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 960101-хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.
Нахуст, майори хадамоти гумрук Турсунов Х.М. тағйиру иловаҳои дар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадаро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки татбиқ гардидани Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон дар роҳи соддагардонии расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон нақши муассир мегузорад. Тибқи ин барнома барасмиятдарорӣ, коркард ва мубодилаи маълумот танҳо тариқи электронӣ сурат мегирад. Инчунин дар самтҳои мухталифи фаъолияти гумрук ба монанди: Равзанаи ягона, Системаи автоматикунонидашудаи хадамоти гумрук тағйиру иловаҳои назаррас ба мақсади соддагардонии расмиёти гумрукӣ ба амал бароварда мешавад.
Сипас, майори хадамоти гумрук Турсунов Х.М. ба саволҳое, ки аз ҷониби донишҷӯён Марифов М., Зияхолов М., Каримова М., Ашуров З., Солеҳзода Х., Назирзода Н., Рабиев Н. ва Довудов М. дода шуданд, ҷавобҳои мушаххас гардонид.
Дар фарҷом дотсент Алиев М.Б. дарси намунавиро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар баландбардории сатҳи дониши амалии донишҷӯён миннатдорӣ баён намуд.