РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУДАНД

Бинанда: 293 | Санаи нашр: 17 Апрел 2025

Имрӯз дар сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндаи миллат шинохта шудаанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷумлаи он ҷавононе мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе ва бори аввал 17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Дар тули фаъолияти худ симои зоҳирии шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфт. Сохта ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ, маҷмааҳои варзишӣ, биноҳои хизмати маишӣ ва дигар объектҳои таъиноти гуногун аз ҷумлаи инҳоянд.

Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таъкид намуданд, “Роҳбарияти нави Маҷлиси миллӣ – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд, дар ин ҷода масъулияти ниҳоят муҳим доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан, дар ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе пешсаву ташаббускор бошанд”.

Ҳамаи ин хизматҳои сазовори Рустами Эмомалӣ буд, ки номбурда 11 апрели соли 2025 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум аз тарафи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дубора Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ба Раиси муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин вазифаи пурмаҳсул бори дигар интихоб шуданашон барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно дорем.

 

Лоиқ Ҳалимов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top