ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бинанда: 333 | Санаи нашр: 12 Апрел 2025

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз рӯйи усули "Факулта ба факулта" ва "Курс ба курс" дар нимсолаи дуюми соли 2024 - 2025 бо донишҷуёни курсҳои 1,2,3,4 - и факултетҳои молия ва қарз, иқтисодиёт ва тиҷорат, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук таҳти унвони "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ибодзода Талифа - намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Шарипов Сангмаҳмад - намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top