Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз — роҳи рушди устувор

Бинанда: 358 | Санаи нашр: 07 Апрел 2025

Хуҷанд, 7 апрели соли 2025

Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз — роҳи рушди устувор. Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, дар шаҳри Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз: роҳ ба сӯи рушди устувор” баргузор гардид.

Муовини ректори ДДТТ оид ба таълим Абдукарим Қурбонов паёми табрикотии Ректори ДДТТ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназарро ба самъи ҳозирин расонд.

Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва мутахассисон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуда, мавзӯъҳои муҳими рақамикунонӣ , сохтмони сабз, коҳиши изи карбон, IT-ташаббусҳо ва таҳсилоти рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top