ОИЛА – МАКОНИ НУРУ ЗИЁ

Бинанда: 428 | Санаи нашр: 04 Апрел 2025

Санаи 04.04.2025 бо ибтикори бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баррасии масоили масъулияти оила дар камолоти маънавии донишҷӯдухтарон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азимзода Дилноза Алӣ, намояндаи СҲАШ - и ноҳияи Фирдавсӣ Аҳмадбекзода Фирӯза ва омӯзгорону донишҷӯдухтарони донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Оила -макони нуру зиё» доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Гулнора Ҳисориева ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад.

Сипас, Аҳмадбекзода Фирӯза ва омӯзгорони донишгоҳ Каримова Зарафшон, Ниёзбекова Гулиҷаҳон ва мудири китобхонаи донишгоҳ Давлатмо Зайдуллоева суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи комили фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top