ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ

Бинанда: 421 | Санаи нашр: 04 Апрел 2025

1-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" аз фанни "Математикаи олӣ" байни донишҷӯёни курси якум, дуввум ва сеюми донишгоҳ баргузор гардид. Ин чорабинӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №АП-710, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2025 №07(46)05-161 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 22 январи соли 2025 №03/8, гузаронида шуд. Донишҷӯён дар ҳалли мисолу масъалаҳои математикаи олӣ, ки таҳлили амиқ ва фикрронии мантиқиро талаб мекарданд, муваффақ шуданд. Дар натиҷаи озмун ғолибон маълум карда шуданд, ки онҳо донишгоҳро дар даврҳои ояндаи озмун намояндагӣ хоҳанд кард. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз дастовардҳои донишҷӯёни худ ифтихор мекунад ва кӯшишҳои онҳоро ҷиҳати донишомӯзӣ дастгирӣ менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top