САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

Бинанда: 536 | Санаи нашр: 03 Апрел 2025

“Сайри гули лола” заминаи мустаҳками таърихӣ дошта, рамзи зебоӣ ва фарҳанги волои мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, имрӯзҳо ба иди умумихалқӣ табдил ёфтааст. Лола худ ҳамчун гул рамзи зебоӣ, латофат ва назокат буда, даҳҳо падидаҳои дигари фарҳанги моро дар худ таҷассум менамояд. Дар рӯзҳои баҳорӣ дар саросари гӯшаву канори ҷумҳурӣ сокинон бо либоси идона, аз қабили чакан, атласу адрас ба бар намуда, дар боғу гулзорҳо сайру гашт менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки иқдоми мазкур дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, ташвиқи ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллии ниёкон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ роҳандозӣ гардида истодааст.

Аз ин ҷост, ки санаи 03.04.2025 донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо бар бар кардани либосҳои зебои миллӣ дар гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба сайри гули лола баромаданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top