ХУШХАБАР
Тибқи фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, омӯзгорони зерини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба унвонҳои илмӣ сазовор дониста шуданд:
• Назарзода Хайрулло Холназар, ректори донишгоҳ - бо унвони илмии профессор аз рӯйи ихтисоси “Маводшиносӣ” (фармоиши № 108/уи аз 28.03.2025);
• Пулатова Шаҳноза Бахтиёровна, омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг - бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт” (фармоиши № 97/уи аз 28.03.2025);
• Алимов Комилҷон Касирович, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ - бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт” (фармоиши № 97/уи аз 28.03.2025);
• Рустамзода Фируз Рустам, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ - бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Ҳуқуқ” (фармоиши № 97/уи аз 28.03.2025).
Раёсати донишгоҳ шахсони болозикрро барои сазовор гардиданашон ба унвонҳои илмӣ табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм барору комёбӣ таманно менамояд.
Раёсати илм ва инноватсия