ТАМАННИЁТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 629 | Санаи нашр: 20 Март 2025

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, бароятон умри бобаракат, саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар кору фаъолиятатон муваффақияту комёбиҳо таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ҳамасола дар кишвари маҳбубамон –Тоҷикистони биҳиштосо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, оғози сарсабзию хуррамӣ, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, бузургтарин ва қадимтарин ҷашни миллӣ ба ҳисоб рафта, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, бо чеҳраи шоду дили пур аз фараҳ истиқбол мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Наврӯз бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо хусусиятҳои хоси худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодию нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, дар байни мардуми олам машҳур гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар мавриди ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯзи хуҷастапай нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят калон аст.

Алҳол Наврӯзро кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад”.

Воқеан ҳам, Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашнест, ки аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.

Насли ҷавони даврони истиқлолият аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи неки ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз, боварӣ дорам, ки ҳар яки шумо чун тамоми мардуми сарбаланди кишвар, ки бо дилу нияти пок ва шукргузорӣ аз давлати ободу озоди худ баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон содиқона меҳнат намуда истодаанд, дар омода кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзишманди хешро мегузоред.

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо бо ин ҷашни фархунда муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки Наврӯзи хуҷастапай бо қудуми некаш ба аҳли хонадон ва пайвандони шумо файзу баракат, хонаободӣ ва шодию нишот биёрад!

Ҳама дар анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top