ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 673 | Санаи нашр: 19 Март 2025

19 – уми марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, кормандон, собиқадорон ва донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст аҳли раёсати донишгоҳ ва собиқадорони шинохтаи соҳаи маориф, ки дар ободиву рушди ин боргоҳи илму маърифат саҳми афзун гузоштаанд, аз бозиҳои миллӣ ва намоишгоҳи омодакардаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ, аз ҷумла дастархони наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварду комёбиҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуданд.

Сипас, ҷамъомадро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бостонию фархундаи ниёгон самимона шодбош гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз рукнҳои муҳимми худшиносию худогоҳӣ ва унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, моҳияту ҳикмати он аз донишу хирад меҳру садоқат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат аст.

Дар идомаи ҷамъомад Хайрулло Назарзода ба омӯзгороне, ки ҳимояи рисолаҳои илмии номзадию докториашон тасдиқ гардидааст, диплом ва ба чанде аз омӯзгорони фаъол нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳро супорид.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ, ки аз суруду рақсҳои дилнишин дар ситоиши Наврӯз, баҳор, зебоию шукуфоии табиат ва марди деҳқон иборат буд, хотири ҳозиринро хушу болида гардонида, ба ҷамъомад ҳусну таровати тоза бахшид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top