Санаи 12.03.2025 дар кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди намунавии н.и.и., дотсент Ҳикматов С.И. дар мавзуи “Танзими тарифию гумрукии муносибатҳои гумрукӣ” бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 960101-хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.
Дар дарси кушод мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С., профессор Раҷабов Р.К., н.и.и. Алиев М.Б., муаллими калон Назарбекова Н.А. иштирок намуданд.
Омӯзгори кафедра дотсент Ҳикматов С.И. дарси намунавиро бо суханони Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд. “Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулода дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар як давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.”
Омӯзгор Ҳикматов С.И. дар раванди дарс қайд намуд, ки ташаккул ва инкишофи низоми гумрук дар давлати ҷавони соҳибистиқлол ҷараёни басо мураккабест, ки таҳияи маҷмӯи томи асноди қонунгузорию меъёрии танзимкунандаи робитаҳои иқтисодии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гирифта, мақомоти гумрук дар пешгирии гардиши ғайриқонунии молҳо, рушди иқтисодиёти миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши калидӣ дорад.
Фаъолияти гумрукӣ асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии соҳаи гумрукро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани ӯҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.
Дарс хеле шавқовар ва диққатҷалбкунанда гузашта, дар фарҷом омӯзгор Ҳикматов С.И. ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дод.