МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “МАРКЕТИНГИ РАҚАМӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Бинанда: 602 | Санаи нашр: 04 Март 2025

03–юми марти соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мизи мудаввар дар мавзуи “Маркетинги рақамӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултети молия ва қарз Кабутзода Қурбоналӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдурашид Мирзоалиев, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Лоиқ Ҳалимов, муаллимони калон Мавҷуда Ҳикматова, Назира Азизова, Фарҳод Шаропов ва донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии мизи мудаввар муҳокимаи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла маркетинги рақамӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мизи мудавварро мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдурашид Мирзоалиев оғоз намуда, суханро ба иштирокчиён ҷиҳати идомаи чорабинӣ дод.

Сипас, Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Маркетинги рақамӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт” суханронӣ карда, қайд намуд, ки маркетинги рақамӣ ин фурӯши маҳсулот ва хизматрасонӣ бо истифода аз технология, восита, шабака, усул, интернет–хизматрасониҳо ва дигар имкониятҳои муҳити рақамӣ оид ба пешбурди брендҳои ширкату корхонаҳо дар бозори рақобатӣ мебошад.

Дар қисмати музокирот мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдурашид Мирзоалиев ва муаллими калони кафедра Мавҷуда Ҳикматова баромад намуда, андешаҳои ҷолиб доир ба ҳалли мушкилот ва рушди маркетинги рақамӣ пешниҳод намуда, оид ба зарурати минбаъд омӯзиши фанни маркетинги рақамӣ дар баъзе ихтисосҳои донишгоҳ мубодилаи афкор карданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top