СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ- МЕТОДӢ

Бинанда: 491 | Санаи нашр: 25 Феврал 2025

Рӯзи 24.02.2025 бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ семинари таълимӣ-методӣ дар мавзуи Самтҳои афзалиятнок ва навгониҳо дар татбиқи рушди фаъолияти инноватсионии мақомоти гумрук” бо иштироки мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С., профессорон Раҷабов Р.К., Нидоев Н.Ф., муаллими калон Ашурова М.Т., ассистенти кафедра Ҳасанов Ё.С. ва донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисоси 960101-хадамоти гумрук баргузор гардид .

Дар семинар профессори кафедра Нидоев Н.Ф. дар мавзуи Самтҳои афзалиятнок ва навгониҳо дар татбиқи рушди фаъолияти инноватсионии мақомоти гумрук” суханронӣ карда, қайд намуд, ки ташкили самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат, дар барномаҳои институтсионалии рушди иҷтимоию иқтисодӣ вобаста ба содирот ва воридотивазкунӣ дар барномаҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қайд карда шудаанд. Воқеан, таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ метавонанд ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиррасон бошад

Қайд гардид, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши калидӣ дорад. Аз ҷумла, ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2024 дар натиҷаи такмили низоми маъмурикунонӣ ва амалигардонии рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ 9,7 миллиард сомониро ташкил дода, иҷроиши нақша 106,8 фоизро ташкил дод.

Дар фарҷоми семинар профессори кафедра Раҷабов Р.К. ва мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С. фикру андешаҳои худро оид ба мавзуи матраҳшуда иброз намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top